Таърихи ҶДММ ТАҚХ «Тезинфоз»
Роҳи ташаккул ва рушди ташкилот
Таъсиси ташкилот
ҶДММ ТАҚХ «Тезинфоз» дар асоси қарори №1 муассис аз 03 апрели соли 2012 ҳамчун ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ташкилоти амонатии қарзии хурди тиҷоратӣ бо номи «Тез – инвест» таъсис дода шуд.
Тасдиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ
08 майи соли 2012 ҶДММ ТАҚХ «Тезинфоз» аз бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ гузашт. Соли 2013 номи ташкилот ба «Тезинфоз» иваз карда шуд.
Иҷозатнома аз Бонки миллии Тоҷикистон
ҶДММ ТАҚХ «Тез – инвест» соли 2012 аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома барои анҷомдиҳии фаъолияти маблағгузории хурд гирифт. Пас аз тағйири ном, ҶДММ ТАҚХ «Тезинфоз» соли 2013 аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома барои анҷомдиҳии фаъолияти маблағгузории хурд соҳиб шуд.
Фаъолият ва рисолат
Ҳоло ташкилот тибқи Иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 2013 фаъолият менамояд. ҶДММ ТАҚХ «Тезинфоз» бо пешниҳоди намудан қарзҳои хурд барои рушди тиҷорати хурду миёна, ҷалби депозитҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, қарзҳои истеъмолӣ ва дигар намудҳои қарздиҳӣ мекӯшад ба беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии Тоҷикистон, ба паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолии Тоҷикистон мусоидат намояд. Дар ҷумҳурӣ ҳастанд муштариёне, ки ба онҳо маблағҳои хурд барои намудан соҳибкории хурд, калонтари намудан тиҷорати хурд, пардохти боҷи давлатӣ ҳангоми ворид намудани мол ба ҷумҳурӣ, пардохти маблағи хониши фарзандон дар донишгоҳу мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (литсей, гимназия), барои табобат ва ғайраҳо даркор аст. Аммо, чунин муштариён дар аксар ҳолатҳо аз ташкилотҳои қарзии калон қарзи хурд гирифта наметавонанд. ҶДММ ТАҚХ «Тезинфоз» ташкилоти маблағгузории хурд мебошад ва маҳз бо чунин муштариён кор мебарад. ҶДММ ТАҚХ «Тезинфоз» аз таҷрибаи гузаштаи хуб меомӯзад ва ба пеш ҳаракат менамояд. Ба ин пешравӣ мутахассисони ташкилот бо муносибати хуб худа бо муштариён ҳиссаи сазовор мегузоранд.


